Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон хабар доданд, зимни конференсия иштирокчиён доир ба ба рушди соҳаи маъдану кӯҳкорӣ, зеҳни сунъӣ ва иқтисодиёти «сабз», дастгириҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои рушди илму маориф ва саноатикунонии босуръати мамлакат мубодилаи афкор намуданд.
Иброз гардид, ки дар шароити муосир омода намудани мутахассисони варзидаи ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнат муҳим мебошад. Аз ҷумла, дар соҳаи кӯҳкорию маъдан, энергетика ва технологияҳои мошинсозӣ, зеҳни сунъӣ хеле зарур аст.
Иттилоъ дода шуд, ки дар донишкада 4 факултет бо фарогирии 16 кафедра фаъолият намуда, аз рӯи 38 ихтисос мутахасисони ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнатро омода месозад.
Дар самти омодасозии кадрҳои баландихтисоси илмӣ ва унвондор бошад, донишкада бо пажӯҳишгоҳҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва 48 донишгоҳи олии дохилию хориҷӣ ҳамкории судманд дорад.
Дар қисмати пленарии конференсия намояндагони донишгоҳҳои Норвегия, Қазоқистон, Ироқ, Ҷумҳурии Мардумии Чин ва Федератсияи Русия ба тариқи онлайн маъруза намуданд.
АКС: Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон
Источник: khovar.tj
Комментарии
Загрузка…
Оставить комментарий