Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Завқӣ Завқизода ҳамватанони муқими Амрикоро шодбош гуфта, изҳор намуд, ки Наврӯз яке аз қадимтарин ҷашнҳои башар аст ва гузаштагони некному хирадманди мо ин ҷашнро бо вуҷуди мушкилоту монеаҳои зиёд дар тӯли беш аз шаш ҳазор сол ҳифз карда, то замони мо расонидаанд.

«Боиси ифтихор ва хушбахтист, ки бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашнҳои бостонии миллати мо дубора эҳё гардида, таъриху фарҳанги қадимаи тоҷиконро дар ҷаҳон муаррифӣ менамоянд», — гуфт Завқӣ Завқизода.

Дар чорабинии идона таомҳои миллӣ, аз ҷумла оши палав, қурутоб, шакароб, оши буридаю туппа пешниҳоди иштирокдорон гардид. Ҳамчунин дастархони идона бо ҳафтсину ҳафтшин ороста шуда, ҳунарҳои мардумӣ, аз қабили нақшу нигор, чакан, атласу адрас, зардӯзӣ ва дигар армуғонҳо ба намоиш гузошта шуданд.

Барои кӯдакон намоишҳои ҳунарии шавқовар аз ҷониби ҳунарманди касбии амрикоӣ пешниҳод гардид, ки хурдсолон бо завқи баланд онро тамошо карда, дар он бевосита иштирок намуданд.

АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико